Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Маон, шабакаи 12-и телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки хадамоти ШАБАК-и ин режим нисбат ба густариши ҷосусӣ дар миёни саҳюнистҳо ба нафъи Эрон ҳушдор додааст.
Бар асоси ин гузориш, ШАБАК маҷбур шудааст, ки ба сурати мустақим бо саҳюнистҳои сокини шаҳри Бат Ям, воқеъ дар ҷануби Тел-Авив, иртибот бигирад то ба онҳо дар хусуси паёмадҳои ҷосусӣ ҳушдор диҳад.
Звика Брот, шаҳрдори ин минтақа, иддао кард, ки аз замони оғози ҷанг то ба ин лаҳза талошҳои зиёде барои ҷалби саҳюнистҳо дар фазои маҷозӣ бо ҳадафи ҷосусӣ барои Эрон анҷом шудааст. Ӯ ҳушдор дод: «Эрониҳо ба Бат Ям расидаанд ва ин як шухӣ нест.»
Брот ба ҷалби низомиёни захира ва бознишастаи артиши режими саҳюнистӣ дар ин раванд низ ишора кард.
Your Comment